26 Август 2025 - 13:56
Source: ABNA
Вокуниши Арабистони Саудӣ ба таҷовузоти Тел-Авив алайҳи Сурия ва нақшаи таҷзияи ин кишвар

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия ва дархостҳои ҷудоихоҳона дар ин кишвар вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маёдин, Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки ба шиддат идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия ва пешравии ин режим дар хоки ин кишварро маҳкум мекунад.

Ин вазоратхона ҳамчунин таъкид кард, ки қотеъона дархостҳои ҷудоихоҳона барои таҷзияи Сурияро рад мекунад.

Риёз аз тамоми ақшори ҷомеаи Сурия хост бар асоси мантиқ ва гуфтугӯ пеш бираванд.

Ин дар ҳоле аст, ки Исраил Катз, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ имрӯз эълом кард, ки ишғолгарони низомии ин режим дар баландиҳои Ҷабали-ш-шайхи Сурия боқӣ хоҳанд монд.

Вай барои тавҷиҳи ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар хоки Сурия иддао кард, ки низомиёни саҳюнистӣ бояд дар ин минтақа боқӣ бимонанд то аз амнияти баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия ва Ҷалил муҳофизат кунанд.

Дар ҳоли ҳозир артиши режими саҳюнистӣ дар 9 минтақа дар хоки Сурия мустақар шуда ва онҳоро ишғол кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha